Дар бораи мо

Мо як ширкати IT дар Тоҷикистон ҳастем, ки тафаккури муосирро бо арзишҳои инсонӣ ҳамоҳанг мекунем.

Таърихи мо

Дар ҲИЛОЛ ҳама чиз аз як боварии оддӣ оғоз ёфт:

💡 Мо технологияро барои зиндагии беҳтар месозем. Бо ҳамин мақсад, мо дар қалби Тоҷикистон ба ҳам омадем — як гурӯҳи барномасозон, тарроҳон ва мутахассисони IT, ки ҳадафи ягона доштанд: Эҷоди роҳҳои ҳалли рақамӣ. Он чи ки аз чанд сатр коди аввал оғоз шуд, ба як сафари пурмаънӣ мубаддал гашт. Имрӯз мо сомонаҳо, барномаҳои мобилӣ ва системаҳои автоматикунониро месозем, ки на танҳо функсионалӣ, балки зебо, инсонгаро ва таъсиргузоранд.
🌍 Мо танҳо технология намесозем — мо эътимод месозем.
🚀 Мо на аз паси тамоюлҳо меравем — мо худ тамоюл меофарем.

Арзишҳои мо

Арзишҳое, ки ба онҳо бовар дорем

Мо дар HILOL.TECH на танҳо технология месозем — мо бо арзишҳо кор мекунем.

🤝 Мо содиқем

Мо ба ҳар як лоиҳа бо масъулият ва шаффофият муносибат мекунем. Содиқӣ ба ваъдаҳо — асоси эътимоди муштарист.

🛡 Мо масъулем

Масъулияти касбӣ ва ахлоқӣ барои мо муҳим аст — ҳам дар назди мизоҷон, ҳам дар назди даста, ҳам дар назди ҷомеа.

🚀 Мо ба рушд нигарем

Мо ҳамеша мекӯшем беҳтар бошем — имрӯз беҳтар аз дирӯз, пагоҳ беҳтар аз имрӯз. Рушди пайваста, омӯзиш ва навоварӣ роҳи мост.

Дастаи мо

Дастаи роҳбарикунандаи ҲИЛОЛ

Паси ҳар як маҳсулоти муваффақ — як дастаи муттахассисони дилсӯз ва ҳирфавӣ меистад. Дастаи роҳбарикунандаи HILOL.TECH аз нафароне иборат аст, ки таҷриба, навоварӣ ва диди стратегии худро барои рушди ширкат ва қонеъсозии ниёзҳои мизоҷон ба кор мебаранд.

Шокирзода Умедҷон

Асосгузор ва CEO HILOL

Сунатуллои Неъматулло

Ҳамбунёдгузори HILOL, барномасоз

Сафарзода Аҳмадҷон

Барномасоз